Мачлиси миллии Чумхурии Точикистон

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон - Парламенти Чумхурии
Точикистон макомоти Олии намояндаги ва конунгузории хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон мебошад

Хамкории байнипарламентии Мачлиси милли

18 August 2009
           Њайати парламентии Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон  аз 13 то 18 майи соли 2011 ба шањри Санкт-Петербург барои иштирок дар чорабинињои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатњои иш­тирокчии Иттињоди Давлатњои Мустаќил, Ассамблеяи Бай­нипарламентии Иттињоди иќтисодии Аврупову Осиё, Ассамблеяи Пар­ламентии Созмони Ањдномаи амнияти дастаљамъї, инчунин Конгресси чоруми байналмилалии экологии Нева, Конференсияи илмии байналмилалї бахшида ба 65-солагии мурофиаи Нюрнберг ва музокироти васеъ доир ба масъалањои таъмини њуќуќии ташаккули (модернизатсия) низоми маъориф дар кишварњои Иттињоди Давлатњои Мустаќил, ки дар доираи чорабинињои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатњои иштирокчии Иттињоди Давлатњои Мустаќил баргузор гардиданд, ширкат варзиданд. 
     Ба њайати парламентии Маљлиси миллї Раиси Кумитаи Маљлиси миллии Маљ­лиси Олии Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои аграрї, шуѓли ањолї ва экология Гулмањмадов Давлатшо Ќурбоналиевич, муовини Раиси Кумитаи Маљлиси миллии Маљ­лиси Олии Љумњурии Тољикистон оид ба таъмини асосњои консти­тут­­сионї, њуќуќу озодињои ин­сон, шањрванд ва ќонуният Саидов Нуриддин Саидович, узви Кумитаи Маљлиси миллии Маљ­лиси Олии Љумњурии Тољикистон оид ба таъмини асосњои консти­тут­­сионї, њуќуќу озодињои ин­сон, шањрванд ва ќонуният Кањор Мањкамов шомил буданд.
       Раиси Кумитаи Маљлиси миллии Маљ­лиси Олии Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои аграрї, шуѓли ањолї ва экология Гулмањмадов Давлатшо Ќурбоналиевич дар љаласаи пленарии Конгресси чоруми байналмилалии экологии Нева баромад намуда, доир ба масъалањои таъмини амниятї экологї, њамоњанг ва мутобиќсозии ќонунгузории кишварњои Иттињод дар соњаи муњити зист, оќилона ва сарфакорона истифодабарии сарватњои табии, нигањдори ва бењдошти системаи экологї, пиряхњо њамчун манбаи асосии таъминоти минтаќа бо об, њифзи муњити зист ва дигар проблемањои глобалии экологї, ки дар ибтидои њазораи сеюм таваљўи махсуси тамоми инсониятро љалб кардаанд, ибрози аќида ва пешнињодоти мушаххас намуданд.
Њамзамон муовини Раиси Кумитаи Маљлиси миллии Маљ­лиси Олии Љумњурии Тољикистон оид ба таъмини асосњои консти­тут­­сионї, њуќуќу озодињои ин­сон, шањрванд ва ќонуният Саидов Нуриддин Саидович дар музокироти васеъ доир ба масъалањои таъмини њуќуќии ташаккули низоми маъориф дар кишварњои Иттињоди Давлатњои Мустаќил фаъолона иштирок намудаанд.
       Инчунин узви Кумитаи Маљлиси миллии Маљ­лиси Олии Љумњурии Тољикистон оид ба таъмини асосњои консти­тут­­сионї, њуќуќу озодињои ин­сон, шањрванд ва ќонуният Кањор Мањкамов дар љаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи Бай­нипарламентии Иттињоди иќтисодии Аврупову Осиё оид ба иќтисодиёти сиёсї њамчун роњбари ин Комиссия раиси намуда, дар љаласаи Бюрои Ассамблея доир ба Тавсияњо љињати ба танзимдарории ќонунгузории давлатњои аъзои Иттињоди иќтисодии Аврупову Осиё дар соњаи назорати андоз ва дар љаласаи дувоздањуми Ассамблея доир ба лоињаи намунавии санади ќонунгузорї « Дар бораи созишномањои консессионї »  баромад карданд.
         Ба њайати парламентї инчунин муовини аввали Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон Муњаммадиев Абдуќодир Сайдалиевич њамроњ гардида, дар Конференсияи илмии байналмилалї бахшида ба 65-солагии мурофиаи Нюрнберг ширкат варзид. 
         Бояд зикр кард, ки њайати парламентии Маљлиси миллї дар чорабинињои созмонњои зикргардида фаъолона иштирок карда, доир ба масъалањои барраси­гардида ва санадњои ќабулшуда таклифњои мушахасси хешро пешнињод намуданд.