11 январи соли 2012 Раиси Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Мањмадсаид Убайдуллоев њайати парламентии Љумњурии Халќии Хитойро тањти сарварии муовини Раиси Кумитаи Доимии Маљлиси Умумихитойии Намояндагони Халќи Љумњурии Халќии Хитой хонум Чэн Чжилї бо њамроњии Сафири Фавќулодда ва Мухтори Љумњурии Халќии Хитой дар Љумњурии Тољикистон љаноби Фан Сянжун, ки дар доираи 20- солагии робитањои дипломатии Тољикистону Хитой ба Душанбе ташриф овардаанд ба њузур пазируфт.
Дар љараёни мулоќот Мањмадсаид Убайдуллоев хонум Чэн Чжилиро бобати нахустин ташрифаш ба Тољикистон шодбош гуфта, таъкид ва изњори боварї намуд, ки мутобиќ ба арзёбии неки Сарони кишварњо аз натиљаи 20-солаи муносибатњои дипломатї, сафари мазкур дар таърихи муносибатњои байнидавлатї ва байнипарламентии кишварњо сањифањои наву боэътимодро боз намуда, имкон фароњам хоњад овард, ки сатњи њамкорињои дўстонаву гуногунљабња дар њама самтњои мутаќобилан судманд, ки аз умќи ќарнњо сарчашма мегиранд, таќвияти тоза касб намоянд.
Таъкид сохт, ки кўмакњои техникї ва интиќолу азхудкунии инвеститсияњои Љумњурии Халќии Хитой дар соњањои наќлиёт, телекоммуникатсия, сохтмони роњњою тунелњо ва хатњои баландшиддати барќї гувоњи равшани муносиботи ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорињо мебошанд. Бањри таќвият ва густариш бахшидан ба ин равандњо, ки яке аз самтњои муњим дар сиёсати Президенти мамлакат, мўњтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад параламенти љумњурї бобати таъмини фазои њуќуќї ва такмили ќонунгузорї тадбирњои мушаххасро анљом дода, дар ин равобит бо Маљлиси Умумихитойии Намояндагони Халќи Љумњурии Халќии Хитой робитањои байнипарламентиро муттасил густариш ва таљрибаи бойи онро мавриди пажўњиш ќарор медињад.
Дар ин радиф бањри тавсеаи њамкорињо Мањмадсаид Убайдуллоев пешнињод намуд, ки густариши муносибатњо бо татбиќи лоињањои инноватсионї дар соњањои саноату энергетика, иктишофу коркарди канданињои фоиданоки кўњї ва аграрию гуманитарї мувофиќ ба маќсад буда, ташкили бозомўзии кадрњо ва квотањои бештар барои тањсили донишљўёни тољик дар мактабњои олии Љумњурии Халќии Хитой ба манфиати љонибњост.
Њамзамон таъкид намуд, ки барои баланд бардоштани нуфузи Созмони Њамкорињои Шанхай дар таъмини сулњу суботи минтаќа, мубориза алайњи терроризму экстремизм ва гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир, инчунин вусъати љараёнњои њамгирої парламентњои мамлакатњо потенсиали худро бештар равона хоњанд сохт.
Хонум Чэн Чжилї аз ин пазирої ва мўњтавои сўњбат изњори сипосмандї намуда, аз номи Раиси Кумитаи Доимии Маљлиси Умумихитойии Намояндагони Халќи Љумњурии Халќии Хитой љаноби У Банго паёми шодбошї расонида, зикр сохт, ки кишвараш барои беш аз њарваќта бо мамлакати дўсту њамсоя таќвият бахшидани муносибатњои мутаќобилан судманд манфиатдор аст. Ва барои такмили он дар асоси эњтироми арзишњои њамсоягї ва соњибихтиёрии давлатї наќши парламентњоро муассир арзёбї карда, таъкид сохт, ки бањри татбиќи пешнињодоти ироагардида тадбирњои судмандро анљом медињад, то ба робитањои њасанаи кишварњо ва парламентњои дуљониб вусъати тоза бахшида шавад.
Мулоќот дар фазои њусни тафоњум ва созанда ба фарљом расид.
Ёвари Раиси Маљлиси миллии
Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон
оид ба робита бо воситањои ахбори омма
ва созмонњои ѓайридавлатї
Ш. Саидов