МУКОЛАМА БО МАРДУМ ОМИЛИ МУЊИМИ КАФОЛАТИ
ЭЪТИМОДИ ОНЊО БА ЊОКИМИЯТИ ЌОНУНГУЗОР АСТ
Мусаламаст, ки Маљлиси Олї – парламенти Љумњурии Тољикистон – маќоми олии намояндагї ва ќонунгузории кишвар буда, аз думаљлис – Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон иборат мебошад. Тибќи Конститутсия (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї вазифањои њарду маљлис мушаххас шудаанд. Дар ин росто ќайд бояд намуд, ки баррасии ќонунњое, ки аз љониби Маљлиси намояндагон ќабулшуда, барои љонибдорї ворид гаштаанд, баррасии онњо вазифаи аввалиндараљаи Маљлиси миллї њисоб меёбад. Дар сурате, ки ќонунњои ќабулшуда босифат, љавобгў ба манфиати мардум бошанд Маљлиси миллї онњоро љонибдорї менамояд, аммо њангоми дастгири наёфтанашон онњоро ба Маљлиси намояндагон бармегардонанд. Њолати охирин дар соли 2011 низ дар иљлосияњои Маљлиси миллї њангоми баррасии якчанд ќонунњо љой доштанд.
Њоло бошад мехостем ба яке аз самти дигари фаъолияти Маљлиси миллї ќабули шањрвандон ва баррасии мурољиати шахсони воќеъю њуќуќї ибрози назар намоем. Имсол низ чун солњои пешин бањри амалисозии вазифањои худ ва Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї мўњтарам Эмомалї Рањмон бобати таќвият бахшидани кор ба масъалањое, ки дар арзу шикоятњои шахсони воќеъию њуќуќї баён шудаанд, Маљлиси миллї диќќати аввалиндараља дод. Дар робита ба ин њангоми мутмаин нашудани кормандони Дастгоњи Маљлиси миллї аз љавобњои маќомоти давлатї нисбат ба ин ё он мурољиатњо, тибќи дастури Раиси Маљлиси миллї мўњтарам М.Убайдуллоев барои омўзишу даќќиќ сохтани ваљњњои дар арзу шикоятњо ва хулосањои ба онњо додашуда, бо љалби аъзои кумитањои Маљлиси миллї ва мутахассисони варзида гурўњњои кори назди кумитањои Маљлиси миллї таъсис дода шуд. Гурўњњои кори мазкур дар тўли соли сипаришуда як зумра аризањои бањсталабро баррасї ва ќарорњои дахлдори ќонунї ќабул намуда, дар ин бора ба мурољиаткунандагон хабари расмї бо додани тавсияњои њуќуќї ирсол намуданд.
Њамзамон тазаккур бояд дод, ки Маљлиси миллї бо дарназардошти принсипњои демократї, баёнгари соњибихтиёрї ва сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї будани халќ ва муколама бо мардумро омили муњими кафолати эътимоди онњо ба њокимияти давлатї њисобида, фаъолияти худро бо роњи бевосита баргузор намудани вохўрию сўњбатњо бо мардум ќавитар намуда, вокуниши зарурирї ва сариваќтиро ба мурољиати шахсони воќеї ва њуќуќї иќдоми зарурї шуморид. Дар ин замина, Раиси Маљлиси миллї-раиси шањри Душанбе М.Убайдуллоев, муовини авали Раиси Маљлиси миллї-раиси вилояти Суѓд Ќ. Расулзода, муовини Раиси Маљлиси миллї-раиси ВМКБ Ќ. Ќосим, муовини раиси Кумитаи Маљлиси миллї-раиси вилояти Хатлон Ѓ. Афзалов раисони кумитањо ва дигар аъзои Маљлиси миллї њазорњо шањрвандонро ба ќабули худ пазирўфта, арзу дархости онњоро дар чањорчўби ќонунгузории кишвар ва шартномањои байналмилалие, ки Тољикистон онњоро эътироф намудааст баррасї намуда, нисбати њар яки онњо ќарорњои дахлдор ва асоснок ќабул намудаанд.
Пушиданест, ки имрўзњо барои мардум манбаи зуд ба даст овардани иттилло дар бораи фаъолияти маќомоти давлатї ва дигар сохторњои марбутаи мамлакат воситањои ахбори омма, аз ќабили телевизион, радио, нашрия ва маљалањо, инчунин шабакаи интернет мебошад. Аз ин хотир раисони кумитањои Маљлиси миллї М.Илолов, У.Ќурбонов,Н.Саидовва аъзои Маљлиси миллї, З.Раљабова, Ќ.Ѓуломшоева, Ш.Гулаёзов ин минбарро истифода бурда, тариќи соатњои парламентї дар шабакаи якуми телевизиони Тољикистон, Д.Гулмањмадов дар телевизиони мањаллии «Регар», Х.Абдуназаров, дар телевизиони мањаллии ЉММ «Симо - ТВ»-и шањри Панљакент, Ш.Гулаёзов ва Ш.Назриев дар телевизиони «Бадахшон» дар мавзуњои моњият ва мўњтавои ќонунњои ќабулшуда, пойдории Истиќлолият ва Вањдати миллї, эњтиром ба муќаддасот ва арзишњои миллїбаромад намуданд.
Њамзамон Дар рўзномањои љумњуриявию мањаллии «Садои мардум», «Љумњурият», «Минбари халќ», «Њаќиќати Суѓд», «Согдийская правда», «Суѓд њаќиќати», «Бадахшон», «Сухани халќ», «Кулябская правда», «Насими Исфара», «Диёри Турсунзода», «Њидоят», «Љавонони Турсунзода» ва ѓайрадоир ба мавзўъњои гуногун зери рубрикањои «Аз Паём то Паём», «Татбиќи Паём – заминагузори тањаввулот ва пешравї», «Паём – имтињони сол бобати масъулиятшиносї», «Дар пайроњаи рушди устувор далер ва бољуръат ќадам задан мебояд», «Таконбахши раванди рушд», «Вањдати миллї-омили рушди Тољикистон», «Тарњи нав дарандозем», «Проблема ва мулоњиза», «Дар ростои анљоми корњои бузург», «ДДТТ бењтаринњоро интизор аст», «Роѓун-чароѓи дилњо», «Дастовардњои мардуми Кўлоб ба љашни Истиќлол», «Паёми нур ва мављи сурур», «Њуќуќу манфиатњои ќонунии мардумиро њимоя мекунем», «Амали Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи авф» чї гуна сурат мегирад?», «Нафаќа чї тавр таъин карда мешавад», «Танзим – баракати хонадон аст», «Музокироте, ки сулњу Вањдат овард», «Вањдату якдилї дањшати селро шикаст», «Истиќлолият берган ќувонч», «Риояи Ќонуни забон масъулият мехоњад», «Забони давлатї бояд фарогир бошад», «Конститутсия (Сарќонун) дорои ќувваи олии њуќуќї», «Рамзи соњибихтиёрии Тољикистон», «Ѓояи бузурги волоияти ќонунро бо дасту дили тоза амалї месозем», «Мењнату илњоми мо бо номи туст Истиќлолият!», «Истиќлолият ба матонат даъват менамояд», «Шукри Истиќлолият мегўям», «Кодекси нави мурофиавии љиноятї њуќуќи инсонро њимоя мекунад», «Баргу сози зиндагї аз Вањдат аст», «Истиќлолият ва маориф», «Панљакент – љавлонгањи созандагї», «Ќадамњои устувори мактаби номдор», «Ипотека – гарави амволи ѓайриманќул» бошад У. Ќурбонов - раиси Кумитаи Маљлиси миллї оид ба масъалањори иљтимої, њифзи сињати, илм, маориф, фарњанг ва сиёсати байни љавонону занон дар љомеа, М.Илолов – раиси Кумитаи Маљлиси миллї оид ба таъмини асосњои конститутсионї, њуќуќу озодињои инсон, шањрванд ва ќонуният, Д. Гулмањмадов – раиси Кумитаи Маљлиси миллї оди ба масъалањои аграрї, шуѓли ањолї ва эколология,Н. Саидов– раиси Кумитаи Маљлиси миллї оид ба њамоњангсозии фаъолияти Маљлиси миллї бо Маљлиси намояндагон, њокимияти иљроия, иттињодияњои љамъиятї, воситањои ахбори омма ва робитањои байнипарламентї, Ѓ. Авзалов – муовини раиси Кумитаи Маљлиси миллї оид ба иќтисодиёту коммуникатсия ва узви Маљлиси миллї А.Љалилов, Њ. Абдуллоев, А.Азизов, Г. Ѓаниева, З. Раљабова Ш.Гулаёзов, Х.Асоев, , Ќ.Гуломшоева, Х.Абдуназаров, С. Валиев ва дигарон маќолањо нашр намудаанд. Илова бар ин, имсол шумораи ќонунњои амалкунандаи кишвар дар сомонаи Маљлиси миллї (majlisimilli.tj) зиёда аз 340 адад љойгир кунонида шуд, ки мардум аз онњо бемамоният истифода намуда истодаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар давоми соли 2011 вобаста ба масъалањои гуногун ба Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон 419 адад мурољиат ворид шудааст. Аз ин шумора 5 адад аз Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, 56 адад аз вилояти Суѓд, 111 адад аз вилояти Хатлон, 154 адад азшањри Душанбе ва 93 адади дигар аз ноњияњои тобеи љумњурї мебошанд. Тибќи љадвали тасдиќнамудаи роњбарияти Дастгоњи Маљлиси миллї аз шумораи умумии мурољиаткунандагони зикргардида 161 нафар аз љониби кормандони масъул бевосита дар утоќи ќабули шањрвандони Маљлиси Олї расман пазирўфта, арзу шикоятњои онњоро ќабул, дар китоби баќайдгирї сабт намуда, баррасии онњоро зери назорати роњбарият ќарор дода, дар доираи ќонунњои амалкунандаи мамлакат санљида, доир ба њар кадоми онњо ќарори ќонунї ќабул ва ба мурољиаткунандагон хабар расонида шуд. Аз 258 мурољиати хаттии ба Маљлиси миллї воридшуда баррасии 151 ададашро шахсан Раиси Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон мўњтарам М. Убайдуллоев зери назорати ќатъї ќарор дода, боќимондаи он аз љониби кумитањо ва шўъбањои дахлдори Дастгоњи Маљлиси миллї баррасї гардиданд. Њамин тариќ, анќариб њамаи мурољиатњо танњо баъд аз додани хулосаи ќонунї ба онњо ба муаллифон љавобњои расмї ирсол карда шуд.
Мушаххасан агар ќайд намоем, мазмуни аксарияти мурољиатњо вобаста ба норизої ба санадњои ќабулнамудаи маќомоти њифзи њуќуќ, судї, аз љумламаќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї амали (беамалии) онњо вобаста ба њифзи њуќуќњои конститутсионї, ќабули санадњои ба талаботи ќонунгузорї љавобгў набуда, ѓайриќонунїба њузури худ ќабул накардани онњо ба њайси мурољиаткунанда вадар доираи ќонунњо баррасї накардани масъалањои ба салоњияти онњо буда ва ѓайрањо мебошанд. Чунин муносибат боиси норизогии шањрвандони минтаќањои гуногуни мамлакат гашта, онњо маљбур шудаанд, ки ба унвонии Раиси Маљлиси миллї мурољиат намоянд. Ин дар њоле ќарор дорад, ки масъалањои ба миёнгузоштаи мурољиаткунандагонро шахсони мансабдор метавонистан тибќи ваколатњои худ бевосита дар макони бањс њаллу фасл намоянд.
Масалан, як гурўњ шањрвандони кормандони собиқ ЉСП «ДЗХ Помир» Г. Атаханова, С. Лолаев ва дигарон дар бораи бе додани манзили истиќоматї ва кўчониданашон аз хобгоҳи корхонаи зикргардида, ба Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон мурољиат намуданд. Тибќи супориши Раиси Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон мўњтарам М.Убайдуллоев бо маќсади ҳалли одилонаи мурољиати номбурда дар назди Кумитаи Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумҳурии Тољикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионї, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният бо љалби Прокуратураи генералии Љумҳурии Тољикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї гурўҳи корї таъсис дода шуд, ки масъалаи мазкур чор маротиба дар љаласаи гурўҳи кории номбурда мавриди баррасї қарор гирифт.
Дар натиља, то инљониб аз 11 нафар мурољиатнамуда 5 оила, аз љумла П. Парфионова, А.Маҳмадљонова, В.Неизвестная, С. Лолаев ва А.Рафиков дар хобгоҳҳои ЉДММ «Таљҳизот» ва ЉСК «Текстил» бо манзили зист таъмин шудаанд. Шўъба оид ба таъмини асосҳои конститутсионї, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонунияти Дастгоҳи Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон чораҳои зарўриро љиҳати иљрои супоришњои протоколии љаласаи гурўњи корї вобаста ба таъмини манзили зисти оилањои боќимонда дар њамкорї бо Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї ва Прокуратураи генералии Љумҳурии Тољикистон идома дода истодааст.
Вакили Маљлиси вакилони халқи шаҳри Кўлоб аз ҳавзаи интихоботии № 4 Л. Мирзоев дар бораи бе гузаронидани мурофиаи судї баррасї намудани парвандаи иқтисодї ва қабули ҳалнома аз љониби судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Б. Раҳимов унвони Раиси Маљлиси миллї мурољиат намуда, бо супориши Раиси Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон мўњтарам М.Убайдуллоев ба баррасии Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон ирсол гардида, иљрои он зери назорат ќарор дода шуд.
Санљиш нишон дод, ки хољагии деҳқонии «Ризоев Амир»- и ноҳияи Восеъ бо љавобгарии ЉСК «Пахтаи Кўлоб» оиди рўёнидани маблағи қарз ба андозаи 13 117 сомонї ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон мурољиат намудааст. Вобаста ба парвандаи мазкур маљлиси пешакии судї рўзи 28 октябри соли 2010 дар бинои ҳамин суд таъин шуда, минбаъд баррасии он ба рўзҳои 29 октябри соли 2010 (дар бинои ЉСК «Пахтаи Кўлоб»), 24 феврал ва 7 марти соли 2011 (дар бинои Суди иқтисодии вилояти Хатлон) таъин гардида, ҳалномаи судї қабул ва оиди баргузории мурофиаҳои судї дар рўзҳои зикршуда протоколҳои маљлиси судї тартиб дода шудааст.
Зимни санљиш,Прокуратураи генералї муайян намудааст, ки дар асл мурофиаҳои судии зикршуда доир нагардида, беасос протоколҳои маљлиси судї тартиб дода шудаанд.
Инчунин маъюби гурўњи 1 Юсупов Мирбайзо истиќоматкунандаи шањри Истаравшан, Љамоати дењоти Гули сурх, дењаи Тошбек, ки њамроњи њамсарї маъюбаш зиндагии мушкил дораду бинобар надоштани мадори њаракат азият мекашад,ба сохторњои дахлдори мањалїоид ба таъмин намуданаш бо аробачаи маъюбї ва расонидани кўмаки моддї мурољиат намудааст, ки мутаасифона пурсиши он дастгирї нагардидааст. Аз ин лињоз моњи сентябри соли љорї номубрда унвонии Раиси Маљлиси миллї мурољиат намуд. Мурољиати мазкур тибќи супориши Раиси Маљлиси миллї мўњтарам М. Убайдуллоев, барои баррасї ба Маљлиси вакилони халќи шањри Истаравшан ирсол ва иљрои он зери назорат шўъбаи мухталифи Дастгоњ ќарор дода шуд.
Дар ростои иљрои супориши назоратии мазкур аз чониби Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Истаравшан дар якљоягї бо Љамоати дењоти Гули Сурх, Раёсати кишоварзї ва Раёсати Агентии давлатии њифзи иљтимої, шуѓли ањолї ва муњољират ба маъюб М.Юсупов ва ањли хонаводаи ў аробачаи маъюбї ва кўмаки моддиву молиявї расонида шуд. Ба њамин мазмун мурољиати сокини шањри Вањдат И. Њалимова ва сокини шањри душанбе Р. Набиева ба Маљлиси миллї ворид гардида, бо њамин тартиб њалли мусбии худро пайдо намуданд.
Дар баробари ин, ба Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон мурољиати Ќањрамони Мењнати Сотсиалистї, нафаќахўри ањмияти љумњуриявї Гавњарбї Пиракова барои мусоидат намудан љињати таъмини ў бо манзили истиќоматии тариќи иљоравї ва бо љойи кор таъмин намудани писараш Х.Алиев ворид шуд. Тибќи супориши Раиси Маљлиси миллии Мачлиси Олии Љумњурии Тољикистон мўњтарам Мањмадсаид Убайдуллоевич мурољиати мазкур аз љониби кормандони Дастгоњи Маљлиси миллї дар њамкорї бо масъулини сохторњои марбутаи Дастгоњи раиси шањри Душанбе њаматарафа баррасї ва хоњиши мурољиаткунанда ќонеъ кунонида шуд.
Раиси иттифоќи журналистони Тољикистон ва рўзноманигор Ф.Сатторова дар хусуси ноодилона аз љониби марњилањои гуногуни суди ќабул намудани ќарорњо оид ба бањси манзил, ки солњои тулонї боиси ташвиш ва поймол шудани њуќуќњои шањрвандии Ф. Сатторова гашта буд, унвони Раиси Маљлиси миллї мурољиат намуданд. Бо дастури Раиси Маљлиси миллї аризаи шањрванд Ф.Сатторова барои баррасї ба Суди Олї ва Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон ирсол гардид. Бинобар ѓайриќонунї будани санадњои судии ќаблан ќабулшуда, бо ќарори марњилаи назоратии Суди Олии Љумњурии Тољикистон аз 4 майи соли 2011 санадњои судї бекор ва парванда барои аз нав баррасї намудан ба суди марњилаи якум баргардонида шуд, кидар натиља даъвои Ф.Сатторова њалли ќонунї ва адолатонаи худро ёфт.
Мурољиати шањрванд Холиќов Эркин Холиќович истиќоматкунандаи вилояти Суѓд дар бораи ќонуншиканињои шахсони мансабдори Агентии давлатии суѓуртаи иљтимої ва нафаќа, Хадамоти давлатии назорат дар соњаи мењнат, шуѓл ва њифзи иљтимоии ањолї ва сохторњои маќомоти мазкур дар вилояти Суѓд дар бораи ѓайриќонунї кам кардани њаљми нафаќааш 19 майи соли 2011 унвонии Раиси Маљлиси миллї ворид шуд. Мурољиати номбурда бо супориши Раиси Маљлиси миллї мўњтарам М.Убадуллев барои санљиш ба Прокуратураи генералї ва Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон ирсол гардид.
Дар ростои иљрои супориши назоратии мазкур бо таъиноти Суди вилояти Суѓд аз 8 августи соли 2011 даъвои Э.Холиќов ќонеъ гардонида шуда, тибќи он андозаи нафаќаи моњонаи Э.Холиќов њамчун маъюби гурўњи III дар њаљми 3689сомонї муќаррар гардида, ба фоидаи ў 101898 сомонї аз љониби Раёсати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Спитамен пурра пардохта шуд.
Њамин тариќ, шањрвандон О. Холова оид ба бањси замин, М. Кенљаева дар хусуси аъзои оила эътироф ва маскун намудан дар манзили истиќоматї ва як ќатор амсоли ингуна мурољиатњои ба Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон воридгардида, дар натиљаи чорањои андешидашуда њалли ќонунии худро дарёфт намуданд.
Дастгоњи Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ нисбат ба мурољиатњои шањрвандон бо дарки масъулияти хизматї ва бањри амалигардонии Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олї, аз љумла дар бахши мурољиати шањрвандон, фаъолияти худро пурзўр намуда, камбудињои љойдоштаро њангоми њалли масоили мазкур бартараф намояд.
Каримова М.Х.
Мудири шўъбаи ташкилии
Дастгоњи Маљлиси миллї
Њаќназарзода К.С.
Сармутахассиси
шўъбаи ташкилии
Дастгоњи Маљлиси миллї